Радиои «Пайванд» (100.6 FM) миёни
корбарони шабакаи иҷтимоии «Facebook» дар бораи «гидропоника» назарсанҷие анҷом
дод, ки мувофиқи он, 73% бори аввал ин мафҳумро мешунаванд ва хоҳиши дар ин
бора маълумот пайдо карданро доранд.
Назарсанҷии мо, ки дар доираи радио-шоуи
«АСРОРИ СОҲИБХОНАЗАН» дар чанд саҳифаву гурўҳҳои «Facebook» гузаронида шуд,
ҳамагӣ 56 нафарро фаро гирифтааст.
Натиҷаи назарсанҷӣ дар "FACEBOOK" – 08-11.02.2018:
![]() |
Муҳаррама Раҳимова |
Муҳаррама Раҳимова, равоншинос
ва кадбонуии моҳир зимни суҳбати мустақим ба шунавандагон гуфт, парвариши «гидропоника»,
ин парвариши донагӣ дар об бидуни истифодаи хок буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ барои
буҷаи оилавӣ низ хеле мувофиқи мақсад аст.
Суҳбати
моро дар ин бора бо коршиноси барнома дар пахши мустақим аз мавҷи 100.6 FM тамошо кунед ва ё ба
саҳифаи радиои «Пайванд» дар шабакаи иҷтимоии «Facebook» нохун занед!
Комментарии
Отправить комментарий