НАЗАРСАНҶӢ: Беш аз 34% асрори ҷавонӣ ва дарозумриро дар варзиш мебинанд (Инфографика+Видео)


Тибқи як назарсанҷии радиои «Пайванд» (100.6 FM) миёни корбарони шабакаи иҷтимоии «Facebook», маълум гардид, ки зиёда аз 34% асрори ҷавонӣ ва дарозумриро дар варзиш мебинанд.
Дар назарсанҷии мо, ки дар доираи радио-шоуи «АСРОРИ СОҲИБХОНАЗАН» дар чанд саҳифаву гурўҳҳои «Facebook» гузаронида шуд, ҳамагӣ 215 нафар ширкат доштанд.

_______________________________________________________________

Натиҷаи назарсанҷӣ дар "FACEBOOK" – 17-20.07.2018:
Минбаъд, низ радиои «Пайванд» доир ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ назарсанҷиҳои худро хоҳад гузаронид, ки метавонед, аз натоиҷи он дар сафҳаи facebook.com/payvandfm/ шинос шавед.

Дар робита ба мавзўйи «АСРОРИ ҶАВОНӢ ВА ДАРОЗУМРӢ» дар радио-шоуи навбатии «АСРОРИ СОҲИБХОНАЗАН» ба таври мустақим бо ҳамроҳии Зебуннисо Солиева, мутахассис оид ба солимгардонии интегралӣ (ба забонҳои русию тоҷикӣ) суҳбате доштем, ки метавонед, ба саҳифаи Радиои «Пайванд» дар шабакаи иҷтимоии «Facebook» ворид шуда, тамошо кунед!

Комментарии