НАЗАРСАНҶӢ: 30%-и мардум вақте маблағи зиёд надоранд, дар боғи шаҳри худ сайр мекунанд (Инфографика)


Радиои «Пайванд» (100.6 FM) аз 3 то 4-уми апрели соли равон миёни корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии «Facebook» бо суоли «Бо маблағи кам ба куҷо сайёҳат кардан мумкин?» муроҷиат намуд, ки мувофиқи ин назарсанҷӣ, 30%-и мардум гуфтанд, бо буҷаи маҳдуди оилавӣ танҳо дар боғи шаҳри худ сайру сайёҳат мекунанд.
Назарсанҷии мо, ки дар доираи радио-шоуи «АСРОРИ СОҲИБХОНАЗАН» дар чанд саҳифаву гурўҳҳои «Facebook» гузаронида шуд, дар он ҳамагӣ 100 нафар иштирок намуданд.

________________________________________________________________

Натиҷаи назарсанҷӣ дар "FACEBOOK" – 03-04.04.2018:
Аз ин ба баъд, низ радиои «Пайванд» доир ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ назарсанҷиҳои худро хоҳад гузаронид, ки метавонед, аз натоиҷи он дар сафҳаи facebook.com/payvandfm/ шинос шавед.

Комментарии