НАЗАРСАНҶӢ: 70% таҳсил дар хориҷаро гаронарзиш медонанд (Инфографика)


Радиои «Пайванд» (100.6 FM) миёни корбарони шабакаи иҷтимоии «Facebook» назарсанҷие анҷом дод, ки мувофиқи он, 70% бо сабаби гаронарзиш будани таҳсил дар хориҷа фарзандонашонро барои хондан ба хориҷи кишвар имкони фиристодан надоранд.
Назарсанҷии мо, ки дар доираи радио-шоуи «АСРОРИ СОҲИБХОНАЗАН» дар чанд саҳифаву гурўҳҳои «Facebook» гузаронида шуд, ҳамагӣ 70 нафарро фаро гирифтааст.

________________________________________________________________

Натиҷаи назарсанҷӣ дар "FACEBOOK" – 10-12.03.2018:
Минбаъд, низ радиои «Пайванд» доир ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ назарсанҷиҳои худро доир хоҳад кард, ки метавонед, аз натоиҷи он дар сафҳаи facebook.com/payvandfm/ ошноӣ пайдо кунед.

Комментарии

Отправить комментарий