НАЗАРСАНҶӢ: 43% барои сарфаи барқ асбобҳои барзиёди барқиро хомўш мекунанд (Инфографика)


Радиои «Пайванд» (100.6 FM) дар байни корбарони шабакаи иҷтимоии «Facebook» назарсанҷие анҷом дод, ки мувофиқи он, 43%-и мардум дар мавсими сармо асбобҳои барзиёди барқиро хомўш намуда, нерўи барқро сарфа менамоянд.
Назарсанҷии мо, ки дар доираи радио-шоуи «АСРОРИ СОҲИБХОНАЗАН» дар чанд саҳифаву гурўҳҳои «Facebook» гузаронида шуд, ҳамагӣ 130 нафар иштирок намуданд.

________________________________________________________________

Натиҷаи назарсанҷӣ дар "FACEBOOK" – 10-11.01.2018:
Минбаъд, низ радиои «Пайванд» доир ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ назарсанҷиҳои худро доир хоҳад кард, ки метавонед, аз натоиҷи он дар сафҳаи facebook.com/payvandfm/ шинос шавед.

Комментарии