"Пайванд" бо "TAXI-plus" сомеъонро ройгон ба манзил бурд (ВИДЕО)

Радиои «Пайванд» рӯйи мавҷи 100.6 FM дар Хуҷанд лоиҳаи ҷадиди «Ҳамсафар»-ро мустақиман манзури сомеъон гардонид.
Шоми 9-уми март шунавандагони ин радио дар баробари иштирок дар барнома, инчунин ройгон ба манзил рафтанд. Суҳбати шунавандагон бо ровиёни барнома раҳораҳ дар дохили нақлиёти ширкати «TAXI-plus» сурат гирифт ва баъд аз посух ба суолҳои ровии барнома, ронанда мусофиронро ройгон ба манзил бурд.
Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррири радиои «Пайванд» мегӯяд, онҳо дар ин барнома чанде аз суоли ҷолибро манзури шунавандагон гардониданд ва он аз ҷониби шунавандагон хеле хуб пазируфта шуд. Ҳадафи барномаи «Ҳамсафар» низ ҳар чӣ бештар наздиктар шудан ба сомеъон (сокинон) арзёбӣ карда мешавад, ки тамсим ҳаст, дар аввал моҳе ду маротиба аз соати 20:00 то 22:00 мустақиман манзури сомеъон гардонида шавад.
«Барномаи навбатии «Ҳамсафар» дар ҳамбастагӣ бо ширкати «TAXI-plus» охирҳои моҳи март, яъне 30-уми март дар назар аст. Баъдан, шурӯъ аз моҳи апрели соли равон ин барнома ҳафтае як маротиба манзури шунавандагон мегардад».

Ҳоло гузориши ТВ «СМ-1» доир ба барномаи аввали «Ҳамсафар» дар ин бора бештар нақл хоҳад кард.

Комментарии